Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд

Ноябрь 19, 2024 16:36

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи Роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ  дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласа бо мақсади шарҳи  натиҷаи ҳамкорӣ дар соли 2024 ва муҳокимаю баррасии Нақшаи корӣ дар соли 2025 доир карда шуд.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад оид ба дастовардаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти   мубориза  бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва пешгирии нашъамандӣ, инчунин вобаста ба ҳамкории судманд бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ сухан гуфт.

Инчунин дар ҷаласа муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Оливер Штолпе суханронӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамкории мақомоти салоҳиятдори   Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, шарикони рушд ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои амалисозии барномаҳо дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психоактивии нав, прекурсорҳои онҳо, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи одамон, офиятбахшии нашъамандон, таъмини шароити мусоид барои маҳбусон дар муассисаҳои ислоҳӣ, назорати ҳамлу нақли контейнерҳо, ҳифзи сарҳадот ва таҳкими касбияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дуруст ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳошияи ҷаласа намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Оливер Штолпе бо фаъолияти Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. 

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2024 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд