Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Қирғизистон густариш меёбад

Ноябрь 12, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 12.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо доир ба ҳамкории илмӣ ибрози назар намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  иттилоъ доданд, Қобилҷон Хушвахтзода доир ба самтҳои дурнамои рушди фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод  намуда, гуфт, ки «ҳоло дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии академия мутахассисон дар самти сейсмология кам ба назар мерасанд.  Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар доираи ин ҳамкорӣ магистрантон ва докторантони PhD-ро барои таҷриба андӯхтан дар самти сейсмология ба муассисаҳои илмию таҳқиқотии Қирғизистон ҷалб кунем, то мутахассиси варзидаи ин самт гарданд».

Сафири Қирғизистон Эрлан Абдилдаев иброз намуд, ки ҳамеша омода ҳастанд бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ саҳм гузоранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд