Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд

Ноябрь 30, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масоили таҳкими ҳамкории дуҷониба дар мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва роҳбарияти Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар медиҳад, роҳбарияти ин муассисаҳо ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ омаданд.

Онҳо бо шароити омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳию соҳибкорӣ ва пойгоҳи таълимии донишгоҳ шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо иброз намуданд, ки ҳамкорӣ доир ба самтҳои мухталифи фаъолият, аз ҷумла табодули академӣ, иштирок дар лагерҳои тобистона ва зимистона, корҳои илмию таҳқиқотии муштарак дар доираи созишномаи ҳамкорӣ амалӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

 

Ноябрь 30, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд