ҲАВАСМАНД НАМУДАНИ ОМӮЗГОРОН. Дар шаҳри Хоруғ ба 112 муаллим ва табиб замини наздиҳавлигӣ дода мешавад

Ноябрь 19, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар заминаи бунёди шаҳраки нав, хонаҳои баландошёна, парки технологӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, ҳамзамон барои 112 нафар омӯзгор ва духтур 5 гектар замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

Ин иқдом ба дастгирӣ намудани духтурон ва омӯзгорон равона  шудааст. Масъалаи ҳавасманд намудани омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дорад.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиромро нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим унвон намуданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», —иброз доштанд Сарвари давлат.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар дода буд, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд. Яке аз онҳо барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонидан мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Ноябрь 19, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд