Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд

Ноябрь 29, 2024 09:22

ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 28 ноябр ҳафте як маротиба — рӯзҳои панҷшанбе парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар якҷоягӣ бо ширкати FIy.Tj парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа анҷом медиҳад.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Давҳа – соати 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа ба самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Хатсайри  нави ҳавоӣ дар масири  Душанбе-Давҳа-Душанбе бо роҳнамоӣ ва   дастуру ҳидоятҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ  “Ширкати ҳавопаймоии СомонЭйр” ифтитоҳ карда шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки асоси ҳамкориро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ” аз 6 феврали соли 2017 ва Протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Давлати Қатар аз 22 апрели соли 2019 ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи хатсайри нав байни Душанбе ва Давҳа  дар оянда ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, аз ҷумла ҳамкории фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳӣ  мусоидат хоҳад кард.

 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 29, 2024 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз гардид
Намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
Душанбе моҳи август мизбони «Food industry Forum of Tajikistan-2026» мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрҳо дар Боку иштирок намуданд
Ҳаҷми умумии ҳамлу нақл байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 5,8 фоиз афзудааст
ТАВАҶҶУҲ! Интиқоли одии маблағ байни аъзои оила, дӯстон, наздикон ва дигар шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ намегардад!
Дар ҶДММ «Саноати Ашт» хатҳои нави истеҳсолӣ васлу насб гардиданд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ХОҶАГИДОР. Дар Тоҷикистон беш аз 52 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд