Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 28 ноябр ҳафте як маротиба — рӯзҳои панҷшанбе парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар якҷоягӣ бо ширкати FIy.Tj парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа анҷом медиҳад.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 09:00, аз Давҳа – соати 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе – Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа ба самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.
Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Душанбе-Давҳа-Душанбе бо роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии СомонЭйр” ифтитоҳ карда шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки асоси ҳамкориро дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба алоқаи ҳавоӣ” аз 6 феврали соли 2017 ва Протоколи ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Давлати Қатар аз 22 апрели соли 2019 ташкил медиҳад.
Ифтитоҳи хатсайри нав байни Душанбе ва Давҳа дар оянда ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, аз ҷумла ҳамкории фарҳангӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС аз манбаъҳои боз









Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






