Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар Теҳрон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон ба ифтихори 30-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳамватанони муқим, донишҷӯён ва таҷрибаомӯзони тоҷики донишгоҳҳои тиббии Теҳрон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, аҳаммияти Конститутсияро ҳамчун санади сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон ва заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди устувор ва дастовардҳои азими мамлакат дар заминаи татбиқи самараноки муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон таъкид намуд.
Дар идомаи ҳамоиш дипломатҳои Сафорат дар мавзуъҳои «Конститутсияи Тоҷикистон — сарчашмаи татбиқи сиёсати хориҷаи мамлакат» ва «Конститутсия ва ташаккули низоми хизмати дипломатии Тоҷикистон» маъруза карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






