Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Линий созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи касбии Линий созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Созишнома дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Линий имзо гардид.
Дар амал татбиқ гардидани он имкон фароҳам меорад, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳсулоти марбут ба техникаю технология истеҳсол шавад.
Ҳамзамон намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти парки технологӣ, раванди баргузории дарсҳо, маҳсулоти Донишгоҳи касбии Линий, аз қабили робот, нерупуркун (зарядник) ва дигар маҳсулоте, ки дар ин муассиса истеҳсол карда мешаванд, шинос шуданд.
Ҷонибҳо вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои дуру наздик, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии донишгоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон вобаста ба табодули устодону донишҷӯён ва таҷрибаомӯзии онҳо дар донишгоҳҳои ҳамдигар, инчунин ба роҳ мондани истеҳсоли техникаи муосир дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ суҳбат намуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






