«БОЗТОБИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ ДАР РАДИОИ «ХОВАР»». Бо ин унвон китоби Манижа Баҳромзода ба нашр расид

Ноябрь 10, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, хусусан ташаббуси панҷуми байналмилалии Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид нашриёти «Истеъдод» китоби муҳаррири Радиои FM «Ховар»-и АМИТ «Ховар» Манижа Баҳромзодаро таҳти унвони «Бозтоби масъалаҳои об дар Радиои «Ховар»» ба нашр расонид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маҷмуа суҳбатҳои хабарнигори Радиои «Ховар» Манижа Баҳромзода бо коршиносони соҳаи экология, сиёсат, иқтисод ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва масъалаҳои экологӣ, ки солҳои 2020-2021 дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои FM «Ховар»-и АМИТ «Ховар» пахш гардидаанд, гирдоварӣ шудаанд.

Китоб аз се бахш иборат буда, дар бахши якум масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар масоили обу иқлим, нақши ҳалкунандаи Тоҷикистон доир ба мушкилоти глобалии обу иқлими сайёра ва аҳамияти ташббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар баррасии ин мушкилот шарҳу тавзеҳ дода шудааст.

Бахши дуюми маҷмуа фарогири суҳбатҳои муҳаррири барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои FM «Ховар»-и АМИТ «Ховар» бо коршиносони соҳа ва намояндагони сохторҳои марбута доир ба нақши Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо, вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва натиҷаи экспедитсияҳо, аҳамияти эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба обу иқлим, аз ҷумла истифодаи мақсадноки об барои замин, об- ҳамчун омили рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, нақши ниҳодҳои гуногуни илмиву пажуҳишӣ дар татбиқи сиёсати экологии мамлакат дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои FM «Ховар»-и АМИТ «Ховар» дар бахши сеюми маҷмуа гирдоварӣ шудаанд.

Дар маҷмуъ, мундариҷаи ин маҷмуаро масъалаҳои обу иқлим ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба ин масъалаҳо ташкил медиҳанд. Суҳбатҳои маҷмуа барои дарки моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин нақши Радиои FM «Ховар»-и АМИТ «Ховар» дар тарғиби ин ташаббусҳо аз аҳамият холӣ нестанд.

Китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 10, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд