Даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 ноябр бо ибтикори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аз рӯйи номинатсияи «Маърифати ҳуқуқӣ» Хайём Давлатзода, Фарзона Милбоева ва аз рӯйи «Пешаи омӯзгорӣ» Шарифгул Рустамова ва Муҳайё Абдураҳмонзода муайян ва қадрдонӣ гардиданд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсил аст, кӯшиш намуда, бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо ҳамасола беҳтаринҳоро итихоб менамояд. Беҳтаринҳо аз рӯи холҳои бадастовардаашон дар ҳама субтестҳои имтиҳонҳо, ки мақоми болотаринро соҳиб гардидаанд, интихоб шуданд.
Ҳамчунин ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 Муқаддас Тоҷибаева, Абдуҳафиз Абдуманонов, Давлатмурод Қурбонов, Муқаддас Мухтор, Меҳрона Маҳмадёрзода, Билол Зуҳуров, Алиҷон Ёрматов, Амина Одиназода, Муҳаммадфозил Носиров ва Оиша Сафарзода дохил гардиданд.
Соли 2024 Акрамхон Ҷурабоев, Меҳрона Бобоҷонова, Тахмина Қарабаева, Фотима Азимова, Париноз Султонзода, Мадина Баҳодурзода, Иброҳим Изатуллозода, Сарвар Алимаҳмадзода, Музаффарбек Мустафобеков ва Сумая Набиева беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ интихоб гардиданд.
Ҳамчунин беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 аз рӯйи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муайян шуданд.
Ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: «АМИТ» Ховар








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






