Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Аз мониторинги криосфера то ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ ва қабули қарорҳо» бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим чорабинии канорӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, ҳадафи асосии чорабинӣ муҳокимаи масъалаҳои мутобиқшавӣ ва коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба криосфера ва таъсири он ба захираҳои обӣ буд.
Иштирокдорон таҳлили ҳамаҷонибаи нақши илм, технология ва ҳамкориро дар таҳияи стратегияҳои устувори идоракунии захираҳои обӣ пешкаш намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 ва Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера (2025-2034) махсус таъкид карда шуд. Ин ташаббусҳо ба рушди ҳамкорӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири он, инчунин пешбурди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои криосфера мусоидат мекунанд.
Дар чорабинӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи системаҳои гидрологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими ЮНЕСКО, директори шуъбаи кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Рушди Осиё, роҳбари стратегӣ оид ба амалҳои минтақавӣ ва таблиғи глобалӣ дар ICIMOD, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сухан намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазъи кунунии ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар шаҳри Кӯлоб кишти пунбадона оғоз гардид
Густариши ҳамкорӣ дар самти энергетикаи Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд






