Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид

Ноябрь 4, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Кувайт дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт муаррифии тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Маросими муаррифии ин китоби арзишманди таърихӣ бо иштироки шумораи зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик доир шуд.

Таъкид гардид, ки китоби академик Бобоҷон Ғафуров  «Тоҷикон» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастрасии ҳамагон ба ин асари нодир ва огоҳ будан аз таъриху тамаддуни хеш бознашр гардида, китоби рӯймизии ҳар як хонадони Тоҷикистон гаштааст.

Тарҷумаи арабии китоби «Тоҷикон» ба уҳдаи донишманд ва забондон Иброҳими Истанбулӣ вогузор буд ва он аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт руи чоп омад.

Таърихшиносони кувайтӣ ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани китоби «Тоҷикон»-ро рӯйдоди муҳим дар ҷодаи густариши робитаҳои судманди илмиву фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои арабзабон номиданд.

Таъкид гардид, ки фарзандони фарзонаи тоҷикон дар ташаккул ва рушди тамаддуни инсонӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон нақши намоён гузоштаанд.

Дар маросими муаррифии китоби арабии «Тоҷикон» иштирокдорон бештар дар ба хусусиятҳои башардӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузории ӯ ба аҷдодони номдори мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 4, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд