Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши наврасону ҷавонон доир гардид

Ноябрь 14, 2024 10:32

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32- солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш иштирокчиён бо осорхонаи таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шинос шуданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки имрӯз зурур аст ҷавонони саодатманди тоҷик аз таърихи Истиқлоли давлатӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва мактаби нодири давлатдории Пешвои миллат ба таври кофӣ огоҳ бошанд. Зеро дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат  ҷавонон меистанд, ки дар муддати кӯтоҳ барои пешрафти донишу малакаи онҳо дар мамлакат корҳои зиёду назаррас дар амал татбиқ гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминагузори сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакат маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи бузурги сулҳи тоҷикон, ки натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, имрӯз ҳамчун падидаи нодир ва дорои аҳамияти махсус эътироф шудааст. Мактаби давлатдории Президенти  Тоҷикистон  мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, садоқату муҳаббат нисбат ба Ватан аст.

Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон барои ба таҳсили муносиб фаро гирифтан, ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло