Дар Душанбе бинои нави Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар доираи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик (10 ноябр) бинои нави Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бинои нави Минтақаи хизматии маъмурии милитсияи №11 дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-2 ва шуъбачаи шаҳрии милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди истифода қарор дода шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шуъбачаи шаҳрии милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аз 3 ошёна, таҳхона, 11 утоқи корӣ ва ҷойи нигаҳдории муваққатӣ иборат мебошад.
Таъкид гардид, ки масъулинро зарур аст барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни шиносоӣ бо шароити хизматии кормандон иброз дошт, ки нақши нозирони минтақавӣ барои пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои олии давлату миллат ва садоқат ба Ватан хеле муҳим мебошад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд






