Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад

Ноябрь 4, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавзӯи «Дастовардҳо ва дурнамои рушди низоми ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки 20 ноябр дар тамоми дунё Рӯзи ҷаҳонии кӯдак таҷлил гардида, он ба некӯаҳволии кӯдакон дар саросари ҷаҳон равона шудааст.

Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳошияи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ба муносибати таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ҷашн гирифта мешавад, доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расониданд, ки соли равон аз тасвиби ин Конвенсия 31 сол сипарӣ гардид. Дар мамлакат барои рушду камолоти кӯдакон дар шароити озоду арзанда тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Ҳуқуқҳои кӯдакон аз Конститутсия сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ҳифз карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 4, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд