Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз шуд

Ноябрь 27, 2024 11:35

ДУШАНБЕ, 27.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони «Маориф-ҳамчун омили муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус» оғоз шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ хабар доданд, ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода дар форум дар мавзуи «Табдилдиҳии рақамии таҳсилот: мушкилот ва имконият барои донишгоҳи замонавӣ» маъруза менамояд.

Дар кори форум намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доранд. Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия байни Тоҷикистон ва Беларус дар самти иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, масоили марбут ба мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён, доир намудани конфронсҳои илмӣ, иштирок дар кори шуроҳо оид ба ҳимояи диссертатсияҳо, ташкили равандҳои омӯзиши мутақобил, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии баррасишавандаи форум ба ҳисоб мераванд.

Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ду рӯз дар ду бахш идома ёфта, баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Ноябрь 27, 2024 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд