Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии «Таҳкими амният барои таъмини субот: коҳиши хатарҳои афзояндаи терроризми фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ» доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конфронс роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони байналмилалӣ ва дигар шахсони воломақом иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба таҳдидҳои ҷорӣ ва эҳтимолӣ дар Осиёи Марказӣ, хавфҳо ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи таъмини амнияти сарҳадҳо ва сатҳи ҳамкории минтақавӣ бар зидди терроризми фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






