Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии ду давлат Содиқ Имомӣ ва Ахмед Гурбанов баргузор гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар машваратҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилию минтақавӣ, аз ҷумла абзори вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Ҳавасмандии ду давлат ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба таъкид гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






