Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади дарёфти имконияти тақвияти ҳамкории соҳавӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионию рақамӣ нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон доир шуда, дар кори он беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.
Бо баргузории ин форум имконият ва зарфияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ, бахши хизматрасонии молиявӣ, инчунин табодули таҷриба бо мутахассисони байналмиллалӣ вобаста ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Пеш аз баргузории форум Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон Ҳафтаи инноватсия ва табдили рақамии Тоҷикистонро ташкил намуд.
Мақсади форум муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳими рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ гарданд».
Дар доираи форум мулоқотҳо бо коршиносон доир шуда, оид ба рушди соҳаи рақамикунонӣ маърузаҳо пешниҳод мегарданд.
Бояд гуфт, ки кори Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» то охири рӯз идома меёбад. Тафсилоти бештари он нашр мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






