Дар Душанбе тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид

Ноябрь 25, 2024 08:51

ДУШАНБЕ, 25.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аъзои Кумитаи Сенати ИМА доир ба энергетика ва захираҳои табиӣ Стив Дейнс мулоқот кард. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба зарурати татбиқи зарфияти мавҷуда ва имконияти нав дар ҷодаи тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико дар руҳияи дӯстию шарокати дарозмуддат табодули назари судманд анҷом доданд.

Бахусус мавзуъҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амну суботи минтақавӣ, рушди ҳамкории ду давлат дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо мавриди баррасии мусоҳибон қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2024 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд