Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар вазорат.
Ҳадаф аз баргузории фестивал тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии рушди чорводорӣ, тободули таҷриба ва татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот мебошад.
Дар фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 ноябри имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон 2 747 575, аз ҷумла 1 436 246 сар модагов, 29 238 сар қутос, 7 095 167 сар гӯсфанду буз ва 90 768 сар асп мавҷуд аст.
Бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ гӯшт 266,8 ҳазор тонна, шир 833,6 ҳазор тонна ва пашм 8096 тонна истеҳсол гардидааст.
Чорводорӣ қисми таркибии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ буда, аҳолиро бо гӯшту шир, равған, тухм ва саноатро бо ашёи хом, пӯст, пашм ва ғайра таъмин менамояд. Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барнома оид ба рушди ин соҳа қабул ва амалӣ намуд. Яке аз ин «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» мебошад.
Ин барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли равон тасдиқ гардидааст, ки ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






