Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бахшида ба Конститутсия конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини вазорат ва намояндагони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар мавзуи «Конститутсия-кафили ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид, ки зимни он маърузаҳои гуногун пешниҳод ва таҳлилу баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс гуфта шуд, ки таҳияи қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба фаъолияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси меъёрҳои Конститутсия ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама, моддаи 43-юми ин санади олии ҳуқуқӣ, фаъолияти рӯзмарраи хизматчиёни ҳарбиро муайяну мушаххас намудааст.
Вобаста ба ин таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбиро мебояд барои фаъолияти пурсамар барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии он садоқатмандона хизмат намуда, бобати дар доираи қонун ба роҳ мондани фаъолияти хеш ҷаҳду талош намоянд.
Дар идомаи конфронс афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти миллӣ доштани он арзёбӣ гардид. Ба андешаи маърузачиён, дар ин ҳуҷҷати муҳим ормони мардуми тоҷик, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи мамлакат инъикос ёфта, заминаи ҳуқуқиро барои эҳёи суннату анъанаҳои фарҳангӣ ва бузургдошти муқаддасоти миллӣ фароҳам овардааст.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






