Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро бар дӯш гирифта, давлат ва мардуми хешро аз вартаи фурӯпошию нобудӣ наҷот медиҳанд. Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин марҳилаи таърихӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш рушду тараққӣ намуда, намои таъриху тамаддуни воқеии тоҷиконро дар симои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол ифода намуд. Чунин изҳор гардид зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода оид ба дастоварҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти кӯшишу талошҳои шабонарӯзӣ ва ҳидоятҳои фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастомада изҳори андеша намуд. Баён гардид, ки «дастоварди пурарзиш дар даврони истиқлолияти мамлакат, ки миллати тоҷикро аз ҷудоиву парокандагӣ наҷот бахшид, бешубҳа, расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа, ки ояндаи дурухшони наслҳои баъдӣ аз он вобаста аст. Он бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва густурдаи Пешвои миллат пайвасти ногусастанӣ дорад».
Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон дар баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон, шуҳратёр гардидани он дар арсаи байналмилалӣ, иштироки мустақими давлати тозаистиқлол дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми назаррас доранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






