Дар Москва ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ гузаронида шуд

Ноябрь 1, 2024 10:57

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 октябр дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ба бузургдошти хотираи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар конфронс доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони муассисаҳои олии кишвари иқомат суханронӣ карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ шудааст.

Иброз гардид, ки Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияташро дар самти таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8 сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Дар конфронс олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла академики Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин ва Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Аликбер Аликберов сухан намуда, хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуровро дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.

Дар доираи баргузории конфронс либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аксҳо аз ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари ӯ «Тоҷикон» ба намоиш гузошта шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

 

Ноябрь 1, 2024 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд