Дар Саридораи геология бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 1, 2024 13:51

ДУШАНБЕ, 01.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геология иттилоъ доданд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода Конститутсияро санади бахтовару сарнавиштсоз номида, иброз дошт, ки «таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи ёдбуди таърихӣ, балки баҳогузории дастовардҳои давлати миллӣ ва муайян намудани самтҳои рушди ояндаи мамлакат мебошад. То имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки ба пойдории низоми Конститутсия сахт марбут мебошанд. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз  дар таърихи навини мамлакат санади воқеан таърихӣ буда, истиқлоли давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонунӣ сабт намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намуд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум қабул гардид. Имрӯз мо ба роҳи тайкардаи сисолаи ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз назар карда,  бо ифтихор аз дастовардҳои самти таҳкими ҳокимияти қонун, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сухан мегӯем.

Дар робита ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар замони муосири тағйирёбанда басе муҳим буда, моро ҳушдор медиҳад, ки ба ин санади сарнавиштсоз арҷ гузорем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муътабару муътамади бахтовару сарнавиштсоз тавонист ифодагари манфиатҳои мардум бошад ва миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ намояд. Ҳадафи асосӣ ва аввалиндараҷаи Конститутсия суботи конститусионӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолият муҳайё созем».

Дарвоқеъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем.

Мо-шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд онро чун арзиши муҳими давлатдорӣ эҳтиром намуда, барои пешрафти зиндагӣ истифода барем, зеро эҳтиром ба Конститутсия- эҳтиром ба миллати соҳибмаърифат мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра кормандон бо Ифтихорномаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 1, 2024 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд