Дар Сеул бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр ба ифтихори 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик, ҳамватанони муқим ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сеул ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.
Иштирокчиёни ҳамоиш нақши Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди мамлакат ва соҳиби мавқеъ ва ҷойгоҳи шоиста шудан дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






