Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор гардид

Ноябрь 30, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷогӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон сеюмин «Дави дӯстӣ» баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.

Дави мазкур дар ду масофа — 3,3 км ва 7,8 км аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе байни мардон ва бонувон доир гардида, баъд аз тай намудани масофаҳои мазкур ғолибону ҷоизадорони «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагон бо диплом ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дар ин чорабинии варзишӣ кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодону донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти оли касбӣ, сокинони пойтахт, дӯсторони дав, ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ва донишҷӯёну шаҳрвандони кишвари Ҳиндустон, ки дар пойтахти мамлакат таҳсил ва иқомат мекунанд фаъолона иштирок намуданд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш аз 28-уми августи оли 1992 ба роҳ монда шуда, Ҳиндустон барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯст шинохта шудааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад