Дар шаҳри Ваҳдат 52 ҳолати вайронкунии қонуни танзим ошкор карда шуд

Ноябрь 4, 2024 11:39

ВАҲДАТ, 04.10.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат то имрӯз вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 52 ҳолати вайронкунии қонун ошкор гардида, барои андешидани тадбир ба Суди шаҳри Ваҳдат пешниҳод карда шуд. Дар ин хусус мудири бахши танзими ҷашну маросими шаҳри Ваҳдат Сулаймон Наҷмуддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Вайронкунии қонуни танзимро комиссияҳои доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва кормандони Прокуратураи шаҳр ошкор намудаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат беш аз 3200 маърака сабт шудааст, ки 3000 адади он тӯйи домодию арӯсӣ мебошад. Камиссияҳои доимамалкунандаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи вайронкунии қонуни танзимро дар зиёда аз 200 тӯю маърака гирифтанд.

Дар шаҳри Ваҳдат гурӯҳҳои кории тарғиботӣ ташкил гардидаанд, ки мунтазам барои амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамчунин бо ташаббуси масъулини бахши танзими ҷашну маросим дар шаҳри Ваҳдат барои пешгирии ҳамроҳ нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ дар интернет дар 27 масҷиди ҷомеъ ва 163 масҷиди панҷвақта гӯшаҳои иттилоотӣ амал мекунанд.

Инчунин вобаста ба огоҳ намудани падару модарон ва ҷавонону наврасон аз сомонаҳои интернетии террористӣ зиёда аз ду ҳазор варақаи иттилоотии тарғиботӣ тақсим гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд