Дар Тоҷикистон дар 9 моҳ 1142 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзим сабт шудааст

Ноябрь 3, 2024 10:20

ДУШАНБЕ, 03.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1142 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 642 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ташну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида беш аз 7 миллиону 897 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 4 миллиону 591 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.

Бояд гуфт, ки қабули қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Вале аз омор маълум мегардад, ки то ҳанӯз ҳам ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.

9 марти соли равон Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, ки танҳо дар давраи солҳои 2014 – 2023 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои риоя накардани талаботи ин қонун 5 620 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Ба андешаи коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми 17 соли амал дар ҳаёти мардуми мамлакат таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллӣ ба вуҷуд овард. «Набояд фаромӯш сохт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал кардан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам бар фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор кард»,-изҳор медорад ӯ.

Коршинос таъкид медорад, ки ин қонун касеро барои барпо намудани маъракаҳои анъанавӣ маҷбур намесозад. Он дар гузаронидани маъракаҳо, расму оинҳо махсусият дорад. «Барои мисол, зодрӯз (моддаи 8) ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила баргузор мешавад. Зери мафҳуми «оила» хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешаванд. Оилаи хурд метавонад хешу табори наздикро даъват намояд. Ба қатори хешовандони наздик ба ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл, фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ва ё тағои онҳо низ дохил мешавад. Дар рӯзи таваллуди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик ба талаботи қонун муқобил нест»,-афзуд Зубайдулло Давлатов.

Навобаста ба таъкиди коршинос, нафароне ҳастанд, ки доираи муайяннамудаи қонунро риоя накарда, ба қонуншиканӣ даст мезананд.

Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар шаҳри Душанбе бештар моддаҳои 12 (тӯйи домодию арӯсӣ), 13 (маросими ҳаҷ ва умра), 14 (маросими дафну азодорӣ) ва 16 (вақти баргузории маърака ва давомнокии он), дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар моддаи 10 (зодрӯз) ва 12, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бештар моддаҳои 12, 13 ва 14, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бештар моддаҳои 10, 11, 12, 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» риоя намегарданд.

Тавре дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нуҳ моҳи соли раовн шумораи маърака нисбатан коҳиш ёфта, ошкоршавии қонуншиканиҳо афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1736 адад, маросими чил 150 адад кам ва маросими сол 186 адад зиёд сабт шудааст.

Омори овардашуда нишони он аст, ки навобаста ба амалӣ намудани қонун давоми 17 сол ҳанӯз ҳам баъзе шаҳрвандони мамлакат онро нодида гирифта, рӯ ба қонуншиканӣ меоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, аммо бо вуҷуди ин дар рӯзи иду ҷашн набояд дар оростани дастархони пурдабдаба ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳем. Аслан дар ҳама иду ҷашнҳо ҳар яки мо бояд хони маънавӣ ороем ва гирди ин хон суҳбатҳои илмию адабӣ анҷом диҳем. Ба тақлидкорию маъракаороии серхарҷу бемаврид роҳ надиҳем, то буҷаи хонаводаро ба боди фано набарем.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 3, 2024 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуданд
«ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ АСТ — ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!». 5 декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад