Дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш мешавад

Ноябрь 4, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 2 ноябр дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон доир гардид, ки дар он хоҷагиҳои анорпарвар аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни анорро пешниҳоди иштирокдорон намуданд. Фестивал барои табодули таҷриба ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ имконияти хуб фароҳам овард.

Тавре директори Институти боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Шарофиддин Кароматов ба АМИТ «Ховар» баён намуд, «дар Тоҷикистон панҷ навъи анор парвариш карда мешавад. Давраи афзоиши анор аз 180 то 215 рӯз, рушди меваҳо аз 120 то 160 рӯзро ташкил дода, дар соли 3-юм ниҳоли он мева медиҳад ва то 50-70 сол умр мебинад. Дар байни зироати субтропикӣ анор дар кишоварзӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле фоиданок аст».

Дар ҷумҳурӣ анор дар бештари минтақаҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ парвариш карда мешавад. Анор танҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳ, махсусан дар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва қисмате аз водии Рашд барои парвариш созгор нест.

Дар вилояти Хатлон мавсими пухта расидани анор охири моҳи август, моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр мебошад. Зиёда аз 60 фоизи анор дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дар моҳи сентяб пухта мерасад. Инчунин шаҳри Норак макони анорпарварӣ дониста мешавад. Дар шаҳри Норак 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз 5 октябр оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Тамоми боғоти анори ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ниҳолҳои ватанӣ мебошад. Дар ин минтақа асосан ду навъи анор: сафеди мулоимдона ва сурх парвариш карда мешавад.

Дар ҷаҳон зиёда аз 400 навъи анор мавҷуд аст, ки дар Тоҷикистон панҷ намуди он бештар парвариш меёбад. Аз рӯи туршӣ анор ба 3 гурӯҳ ҷудо мешавад: ширин, ширин -турш ва турш.

Аз як дарахти анор 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз менамояд. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст. Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.

Дарахти анор сершоху барг буда, то 3 — 4 метр қад мекашад. Аз ҳар бехи анор 3, баъзан то 7 — 9 тана месабзад. Навдаҳояш хордор, баргаш байзашакли нӯгтез буда, дар зимистон мерезад. Аз аввали май то июл гул мекунад. Гулаш сурхи лолагун, кӯзачамонанд ё зангӯлашакл буда, дар нӯги навдаҳои навруста тоқа-тоқа ё тӯда-тӯда ҷой мегирад. Гулҳои нахустинаш калон буда, самар меоваранд. Меваи анор курашакл (қутраш 12 — 18 сантиметр, вазнаш 200—600 грамм, баъзан то 1 килограмм) буда, 400—700 дона дорад. Меваи он асосан моҳҳои сентябр — ноябр мепазад. Анор дарахти гармидӯст ва ба хушкию сармо тобовар аст.

Меваи анор аз се қисми асосӣ иборат аст: пӯст, тухмҳо ва афшура. Таносуби байни қисмҳои алоҳидаи анор чунин аст: пӯсташ 27,89-51,76 фоизи тамоми вазни мева, тухмҳо 7,78-22,14 фоиз, афшура 38,86-63,43%-и вазни меваро ташкил медиҳанд. Маззаи анор аз таркиби кимиёвӣ вобаста аст ва дар ин вақт махсусан таносуби қандҳо бо кислотаҳо ҳалкунанда аст. Аз рӯи миқдори кислотаи лимӯи шарбати анор навъҳо ба ширин, ширин-турш ва турш тақсим карда мешаванд.

Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 4, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои барфу боронӣ эҳтиёткор бошед!»
Ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Фаъолияти ҳокимияти судӣ ба таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ равона шудааст»
Дар Душанбе бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Президенти Тоҷикистон аз риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо изҳори нигаронӣ намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Судяҳо бояд ба пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд»
Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон назаррас аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон барномаҳои фарҳангӣ-маърифатӣ доир шуданд
«ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ АСТ — ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!». 5 декабр Рӯзи байналмилалии волонтёрон аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст