Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд

Ноябрь 19, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 19.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сарфаи энергияи барқ дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон  ҳисобкунакҳои барқӣ насб гардида, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф таъмин карда шудаанд. Ин матлаб 15 ноябр зимни баргузории ҷаласаи кории Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 баён шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеӣ иҷрои ин қарор дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот ва шабакаҳои барқӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликият маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи зарурӣ захира гардидааст.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 19, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
Дар Тоҷикистон стентгузории маҷрои ғадуди зери меъда анҷом дода шуд
Намояндагони иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии иттифоқҳои касабаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад
Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсӣ-адабӣ баргузор гардид
«БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Парҳез кардан- муборизаи асосӣ бар зидди ин беморӣ аст