«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ шинос шуд

Ноябрь 14, 2024 10:03

ДУШАНБЕ, 14.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории озмун шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо шароити толорҳо ва ҷараёни озмун шинос шуда, бо ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва падару модарон оид ба шаффофият ва риояи адолат дар баҳогузории озмун, инчунин масъалаи ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва китобхонӣ суҳбат намуд.

Дилрабо Мансурӣ бо фаҳмонидани мақсади баргузории озмунҳо, ки соли шашум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, иброз дошт, ки бо мусоидати омӯзгорон ва падару модарон сол то сол сафи иштирокчиёни озмун бештар ва шумораи номинатсияҳо батадриҷ зиёд мегардад.

Ҳакамони озмун ва падару модарон дар баробари сипосу эҳтиром барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати озмун ба муовини Сарвазири Тоҷикистон якчанд пешниҳоду дархосташонро баён доштанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2024 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид