Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!

Ноябрь 29, 2024 14:58

ДУШАНБЕ, 29.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Фалсафаи истеъмоли боидрок – sharing (шеринг) акнун дар соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Муштариёни тарофаи «Биё! Бисоз Life» акнун трафикро байни аъзои оилаи худ тақсим карда метавонанд. Функсияи нави ройгони «МегаОила» имкон медиҳад, ки дақиқаҳо, SMS ва гигабайтҳои интернет ба рақамҳои абонентии наздикон тақсим карда шаванд. Пайвасткунӣ танҳо тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life» имконпазир аст. 

«Биё! Бисоз Life» – тарофаи созандаи нодирест, ки дар он муштарӣ бастаи хизматрасониҳоро бо ҳаҷму арзиши зарурии худ ташкил менамояд. Акнун ҳангоми сохтани тарофа метавон на танҳо зарурату талаботи шахсии худ, балки инчунин манфиати наздиконро ҳам ба назар гирифт. Масалан, агар дақиқаҳо, SMS ё трафики интернети онҳо ба поён расанд, сардори оила метавонад онҳоро бо ҳаҷми хизматрасониҳое, ки худ муайян мекунад, таъмин намояд.

Ба гурӯҳи оила то се рақамро метавон дохил намуд. Шарти зарурӣ – аҳли хонавода бояд ба тарофаи «Биё! Бисоз Life» бо бастаи минималии телеком-хизматрасониҳо пайваст бошанд. Меъёри ҳар як рақамро сардори оила дар замимаи «МегаФон Life» муқаррар менамояд. Ҳамин тавр, агар муштарӣ ба тарофаи иборат аз 200 дақиқа ба дигар шабакаҳо ва 60 Гб пайваст бошад ва дар рақами ҳамсараш ҳаҷми бастаи асосӣ ба поён расида бошад, ҳамсари ӯ метавонад, масалан, 30 дақиқаю 5 Гб «гирад», писари донишҷӯ бошад, ки трафики интернетро барои хониш сарф кардааст, метавонад аз ҳаҷми умумии сардори оила 15 Гб дастрас намояд.

Ҳаҷмҳои мушаххаси хизматрасониҳоро истифодабаранда вобаста ба талаботи наздикони худ интихоб менамояд. Онҳо тӯли тамоми муддати амали тарофа, яъне 30 шабонарӯз бетағйир боқӣ мемонанд. Сипас меъёрҳоро барои аъзои оила метавон тағйир дод. Масалан, метавон ба писар имкони «гирифтани» на 15, балки 20 Гб-ро пешниҳод намуд.

Ҳамин тавр, бо функсияи нави ройгон сардори оила имкон пайдо мекунад, ки хароҷоти асосиро ба зиммаи худ гирифта, дар баробари ин саъй кунад, то наздикон ҳамеша дар алоқа бошанд. Ҳангоми ба поён расидани ҳаҷми бастаҳо аъзои оила имкон доранд, ки қисми муайянкардашудаи хизматрасониҳои бастаи сардори оиларо бигиранд.

Бо функсияи «МегаОила» метавон аз 5 то 200 дақиқаи зангҳо ба дигар шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 то 300 SMS ва аз 1 Гб то 150 Гб трафики интернетро тақсим намуд. Ҳамаи зангҳо дар дохили шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» ройгон мебошанд.

Пайвасткунии функсия барои истифодабарандагони тарофаи «Биё! Бисоз Life» дар саҳифаи асосии замимаи «МегаФон Life» дастрас мебошад. Муҳим он аст, ки замима то намунаи охирин нав карда шуда бошад. Бо пахши тугмаи «МегаОила» ва сипас интихоб намудани «Дохилкунии иштирокчӣ» муштарӣ аз як то се рақами аъзои оилаи худро дохил мекунад. Барои пайвасткунии автоматии функсияи ройгони «МегаОила» онҳоро зарур аст, ки даъватро барои воридшавӣ ба гурӯҳ қабул намоянд. Пас аз ин зарур меояд, ки дар ҳар рақами дохилкардашуда ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа, ки наздикон истифода хоҳанд бурд, қайд карда шавад.

«МегаОила»-и қулайро ташкил намоеду, тарофаро байни онҳое, ки дӯсташон медоред, тақсим кунед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Ноябрь 29, 2024 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад