Истифодаи оқилонаи барқ қадами устувор барои рушди иқтисоди давлат аст

Ноябрь 10, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 10.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз қабили Ҷопон сарфаи энергия ва истифодаи оқилонаи он ба сатҳи идеяи миллӣ бароварда шудааст. Чунин гуфта шуд дар машваратҳои  омӯзишие, ки  таҳти унвони «Истифодаи оқилонаи энергия – қадами нахуст барои ояндаи устувор. Таҳаввулотро аз худ бояд оғоз кард!» бо ҷалби коршиносон дар  Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Кӯлоб баргузор гардиданд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Машваратҳои  омӯзишӣ бо ибтикори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ  бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳои тарғиботӣ дар самти сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва ба одати маъмулии ҷомеа табдил додани он доир шуданд.

Дар машваратҳои омӯзишӣ кормандони Вазорати энергетика ва зихираҳои об ва  Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Системаавтоматик» дар мавзуъҳои «Асосҳои техникию иқтисодии неругоҳҳои электрикии офтобии бомҳо дар Тоҷикистон»,  «Сарфаҷӯии энергия», «Ҳолат ва дурнамои энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон. Таҷрибаи Ҷопон дар самти сарфаҷӯии энергия», «Истифодаи оқилонаи энергия. Таҳаввулотро аз худ бояд оғоз кард!», «Сарфаҷӯии неруи барқ», инчунин оид ба истифодаи оқилонаи энергия, маърифати истифодаи энергия ва нақши соҳаи энергетика дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза  намуданд.

Инчунин ба иштирокдорони машваратҳои омӯзишӣ барои пеш  бурдани корҳои тарғиботӣ дар байни оила ва сокинони маҳалла оид ба истифодаи оқилонаи неруи барқ маводи таълимӣ ва методӣ тақсим гардид. Таъкид шуд, ки имрӯз сарфаҷӯии энергия ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеаи мутамаддин табдил ёфтааст.

Дар доираи машваратҳои омӯзишӣ ба муассисаҳои таълимӣ барои  анҷом додани корҳои амалӣ таҷҳизоти барқии офтобӣ, ба монанди лампаҳои офтобӣ барои роҳравҳо тақдим гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 10, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад