Масъалаи ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷопон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода ва профессори факултети таҳқиқоти глобалӣ ва минтақавии Донишгоҳи Тойои Ҷопон Мирзосаид Султонов ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷопон баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зоир Раҳмонзода оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ, бахусус самтҳои тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон андешаронӣ намуда, омодагии донишгоҳро барои иштирок дар барномаҳои ҳамкории муштараки минтақавӣ бо донишгоҳҳои Ҷопон иброз дошт.
Мирзосаид Султонов оид ба имконияти васеи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷопон ва иштирок дар барномаҳои грантӣ маълумот пешниҳод намуда, вобаста ба ташкили мубодилаи академӣ байни донишҷӯён, магистрон, докторантон ва омӯзгорони ду донишгоҳ, инчунин таҳияи лоиҳаҳои грантии муштарак дар самтҳои афзалиятноки илмию тадқиқотӣ ва таҳлилӣ изҳори ақида намуд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






