Масъалаи ҳамкории Институти Гёте бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Ноябрь 9, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 09.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ташкили ҳамкорӣ ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Институти Гёте ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар вохӯрии Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ва муовини Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мартин Лангер баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин китобхона хабар доданд.

Мартин Лангер иброз дошт, ки барои ташкил ва тақвияти ҳамкорӣ дар нақша аст, ки намояндаи Вазорати федеролии  корҳои хориҷӣ оид ба Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Конрад Ҳелмут Артс фон Штраусенбург давоми моҳи ноябр ба Китобхонаи миллӣ омада, зимни мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ҳамкории Институти Гёте бо Китобхонаи миллӣ дар бахши китобдорӣ, табодули илмии кормандон, ҷалби онҳо ба хориҷи давлат, аз ҷумла ба Олмон, омода намудани мутахассисон дар самти китобу китобдорӣ ва дар амал татбиқ намудани илмҳои омӯхтаашон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки Институти Гёте ки ба номи шоири маъруфи Олмон Ёҳан Волфган Гёте гузошта шудааст, созмоне аст, ки вазифаи он густариши забон ва фарҳанги олмонӣ дар берун аз марзҳои ин давлат мебошад. Аз 157 маркази ин муассиса 12 адади он дар дохили Олмон ва 145 марказ дар хориҷ аз Олмон қарор дорад. Дар доираи фаъолияти педагогӣ ин ташкилоти бонуфуз инчунин барои давом додани омӯзиши забони олмонӣ маводи бешуморе барои донишомӯзон пешниҳод мекунад.

Муовини Сафири Олмон дар Тоҷикистон Мартин Лангер ҳамзамон гӯшаи давлатҳои ҷаҳонро дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ тамошо намуда, бо гӯшаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва китобҳо ба забони олмонӣ шинос шуд.

 АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад