МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм намудани хона аввал бояд бухории мувофиқ интихоб намуд. Инчунин талаботи ҳавокашии қубури дудбаро бояд ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хонаҳо бояд мунтазам иваз карда шуда, шабона ворид гаштани ҳавои тоза таъмин гардад. Чунин тавсия медиҳад мутахассиси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таманно Файзуллозода.
Бештари инсонҳо ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм кардани хонаҳо ба чунин қоидаҳои зарурӣ эътибор намедиҳанд: сари вақт маҳкам кардани сарпӯши бухорӣ; нарасидани ҳавои кофӣ; кашиши сусти дудбаро; нодуруст шинонидани бухорӣ ва дудбарои он (тарқишҳо дар бухорӣ, баста шудани дудбаро). Бештари сокинони ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар сармо барои таъмини гармӣ аз бухорӣ истифода мебаранд. Бухорие, ки онҳо истифода мебаранд, барои сӯхтани ангишт мувофиқ нест. Аз ин рӯ барои сӯхтани ангишт бояд аз бухории махсус истифода намуд.
Агар дар дохили бухорӣ чанд дона ангишти носӯхта боқӣ монда бошад, хуб аст, ки онро аслан хомӯш кунанд ва ё мунтазир бимонанд, ки пурра бисӯзад. Дар бештар мавридҳо дар дохили бухориҳо шабона маводи ҳанӯз носӯхта, ки манбаи асосии гази карбон аст, боқӣ мемонад. Он аксаран оҳиста-оҳиста ба тариқи дуд кардан месӯзад. Ҳамчунин дар ҳолати кашиши сусти дудбаро ва нарасидани ҳаво дуди даруни бухорӣ ба хона паҳн мешавад.
Бештари сокинон аз ангишт гулхан омода мекунанд. Гулханро танҳо дар ҳавои кушод бояд афрӯхт. Истифодаи оташи гулхан ё ангишти сӯхта дар хона қатъиян манъ аст, зеро то пурра сӯхта, хомӯш шудани ангишт аз дуди он карбон ҳосил шудан мегирад.
Ҳангоми сӯхтани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металлҳои вазнин, ки барои саломатии инсон хатарнок ҳастанд, ихроҷ мешаванд. Бӯй ва ранги ин газ ноаён буда, паҳншавиашро пай бурдан душвор аст. Тибқи таҳлилҳо, беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолият дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Он чунин нишона дорад: бадшавии биноии чашми инсон; вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 2-5 фоиз); тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми аз 5 фоиз зиёд мавҷуд будани оксиди карбон дар таркиби ҳаво); дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми 10-80 фоиз мавҷуд будани оксиди карбон дар таркиби ҳаво).
Ба иттилои табибон, инсон гази оксиди карбонро ба воситаи шуш нафас мекашад. Сипас он бо гемоглобин ба хуни инсон дохил шуда, бофтаҳо ва дигар аъзои баданро заҳролуд месозад.
Таманно Файзуллозода иброз медорад, ки шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он фавран ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кардан зарур аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд






