Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд

Ноябрь 20, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр дар доираи сафари кории ҳайати мамлакат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Малайзия Юсуф Фадиллаҳ баргузор гардид. Зимни он доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории сармоягузорӣ, таъсиси платформаҳои муштарак барои содирот ва воридот мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории сармоягузориву тиҷоратӣ, инчунин ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, ба монанди энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои инфрасохторӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳамзамон 17 ноябр мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо  валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Тунку Али Резауддин баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, инчунин дигар мавзуъҳои муштарак дар чаҳорчӯби рушди минтақаҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ ба рушди ҳамкорӣ таъкид намуданд, ки минбаъд низ муносибатҳои тиҷоратию сармоягузорӣ таҳким бахшида мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва инноватсия, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар ин самт муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд