Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 22 то 26 ноябр дар шаҳри Сиктивкари Ҷумҳурии Комии Федератсияи Русия Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бозиҳои 3-юми арктикии Делфи баргузор гардиданд. Дар номинатсияи «Овозхонии эстрадӣ»-и бозиҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳ Сафарзода бо суруди «Дилбари ман» (шеъри Низом Қосим, оҳанги Шӯҳрат Ашуров) соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.
Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Афзалшоҳ Сафарзода ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Афзалшоҳ Сафарзода дар консерти ҷамъбастии лауреатҳои Бозиҳои Делфӣ ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуд. Аз Тоҷикистон инчунин 5 иштирокчии дигар бо дипломи ин бозиҳо қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин дар номинатсияи рассомӣ Шоҳистамоҳ Орифова барои интихоби беҳтарин мавзуъ ва иҷроиши баланди эҷодӣ бо Дипломи махсуси Кумитаи байналмилалии Делфӣ сазовор дониста шуд.
Дар доираи бозиҳо дар мавзуи «Бозиҳои Делфӣ: ватандӯстӣ ва арзишҳои милллӣ» конференсияи байналмилалӣ ва дар мавзуи «Фарҳанг ҳамчун заминаи рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш доир гардид, ки ҳайати Тоҷикистон дар онҳо маъруза намуд.
Дар Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Бозиҳои 3-юми арктикии Делфи 40 коршинос ва 620 ҳунарманд иштирок доштанд. Аз ҷумла, намояндагони Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Бенин, Мисри Араб, Ҳиндустон, Эрон ва Чин дар 10 номинатсия барои 28 адад ҷоизаҳо — медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
АКС: Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






