Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид

Ноябрь 28, 2024 10:28

ДУШАНБЕ, 28.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 22 то 26 ноябр дар шаҳри Сиктивкари Ҷумҳурии Комии  Федератсияи Русия Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Бозиҳои 3-юми арктикии Делфи баргузор гардиданд. Дар номинатсияи «Овозхонии эстрадӣ»-и бозиҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳ Сафарзода бо суруди  «Дилбари ман»  (шеъри Низом Қосим, оҳанги Шӯҳрат Ашуров) соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Афзалшоҳ Сафарзода ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  мебошад. Афзалшоҳ Сафарзода дар консерти ҷамъбастии лауреатҳои Бозиҳои Делфӣ ҳамчун намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намуд. Аз Тоҷикистон инчунин 5 иштирокчии дигар бо дипломи ин бозиҳо қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин дар номинатсияи рассомӣ Шоҳистамоҳ Орифова барои интихоби беҳтарин мавзуъ ва иҷроиши баланди эҷодӣ бо Дипломи махсуси Кумитаи байналмилалии Делфӣ сазовор дониста шуд.

Дар доираи бозиҳо дар мавзуи «Бозиҳои Делфӣ: ватандӯстӣ ва арзишҳои милллӣ» конференсияи байналмилалӣ ва дар мавзуи  «Фарҳанг ҳамчун заминаи рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ  дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай» ҳамоиш  доир гардид, ки ҳайати Тоҷикистон дар онҳо маъруза намуд.

Дар Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва Бозиҳои 3-юми арктикии Делфи 40 коршинос ва 620 ҳунарманд иштирок доштанд. Аз ҷумла, намояндагони Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон,  Бенин, Мисри Араб, Ҳиндустон, Эрон ва   Чин дар 10 номинатсия барои 28 адад ҷоизаҳо — медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

АКС: Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 28, 2024 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд