Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Ноябрь 7, 2024 14:12

ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асабро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази ташхисию табобатии “Авитсена” дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расулҷон Ашуров  бунёд шуда, дар он шароити муосири ташхису табобат барои аҳолии ноҳия фароҳам оварда шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, корҳои  сохтмонӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ, ки аз  се ошёна ва таҳхона иборат мебошад, соли 2021 оғоз гардида, бо тарҳи муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Дар Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб 30 нафар, аз ҷумла 10 табиб, 12 корманди миёнаи тиббӣ ва 8 корманди ёрирасон ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои фаъолияти пурсамари марказ бо маблағи 3 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ харидорӣ ва насб карда шудааст.

Дар таҳхонаи иншоот дорухона, ҳуҷраи ташхиси рентгени рақамӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифати тиббӣ ба ниёзмандон ҳуҷраҳои қабули беморон, муоина ва сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, муоинаи сабти мағзи сар ва ҳуҷраи рухсати беморон ҷойгир мебошанд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир гардида, дар онҳо барои беморон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Марказ ҳамчунин дорои 30 кати хоб аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи тиббӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида баҳои баланд доданд.

Дар оянда бо истифода аз имконияти ин марказ бо ҷалби мутахассисони сатҳи минтақа ва ҷумҳуриявӣ муоина ва табобати мураккаби сактаи майнаи сар  ва дигар усулҳои муоина, ташхис ва табобати бемориҳои гуногуни асаб ба роҳ монда мешавад.

Бо оғоз гардидани фаъолияти Маркази ташхисию табобатӣ ва  барқарорсозии бемориҳои асаб аҳолӣ имкон доранд, ки барои ташхису табобат бе харҷи маблағи зиёд ва сарфаи вақт дар назди хонаҳои худ аз хизматрасонии он истифода баранд.
Ифтитоҳи Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии бемориҳои асаб дар ноҳияи Кӯшониён 07.11.2024

Ноябрь 7, 2024 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд