Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд

Ноябрь 8, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 08.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд.

Нахуст дар маркази ноҳия Роҳбари давлат бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказӣ аз ду ошёна ибора буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шудааст ва дар маҷмуъ дорои 60 кат мебошад.

Дар ин шуъба 136 нафар, аз ҷумла акушер-гинеколог, табиби навзодон, эҳёгар, амрози занона, момодоя, ҳамшираи тиббӣ ва кормандони хурди тиббӣ, фаъолият мекунанд.

Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави шуъбаи таваллуд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст, дигар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ низ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳҳои муосири ташхису табобат таъмин карда шуданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо табибону кормандони шуъбаи мазкур баён доштанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо мусоидат мекунад.

Акнун сокинони ноҳия имкон пайдо кардаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида, бе харҷи зиёдатӣ ба ташхису табобати босифат фаро гирифта шаванд.

Бо назардошти зарурати солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳия мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида мешавад.

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табибон метавонанд на танҳо ба ниёзмандони маркази ноҳия ва деҳоти он, балки аз деҳаҳои наздики ноҳияҳои атроф низ беморонро бо хизматрасонии хуби тиббӣ фаро гиранд.

Сокинон ва табибони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавиро, ки дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, туҳфаи арзанда арзёбӣ намуданд.

Намои шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маркази ноҳия зебогӣ бахшида, саҳни иншооти нав бо гулҳои рангоранг сабзкорӣ шудааст.

Корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар самти беҳсозии вазъи хизматароснии тиббӣ дар ноҳия боис мегардад, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат менамояд.
Ба истифода додани бинои шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 08.11.2024

Ноябрь 8, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ мумфаршкунии роҳи дохилидеҳавӣ оғоз ёфт
Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд