Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд

Ноябрь 4, 2024 19:51

ДУШАНБЕ, 04.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.

Оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ низ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мулоқот бо Мудири кулли Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар 04.11.2024

Ноябрь 4, 2024 19:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон