Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
ДУШАНБЕ, 21.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мамлакатро даъват кардааст, ки ба ҳар гуна паёмакҳои шубҳаоваре, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Телеграм бо навиштаҷоти «Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум сроком на 1 год! Активировать подарок через ссылку» бо истифода аз номи наздикон ирсол мешаванд, бовар накунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод хабар доданд, дар натиҷаи таҳлил ва коркарди техникӣ муайян гардид, ки ин паёмак ва пайванди (ссылка) ирсолшуда дорои вируси зараровар буда, ҳамлаи хакерӣ дар намуди «Фишинг» мебошад.
Дар ҳолати кушодани паёмак ва ворид шудан ба пайванди ирсолшуда хакерҳо метавонанд аккаунти «Телеграм»-и истифодабарандагонро ғайриқонунӣ аз худ намуда, бо мақсадҳои ғаразнок истифода баранд.
Дар натиҷаи гузаштан ба пайванд (ссылка) метавон маълумоти шахсӣ ва бонкии худро дар ихтиёри хакерҳо-қаллобони интернетӣ гузошт, ки баъдан онҳо инро барои тасарруф намудани маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии истифодабарандагон ё талаб намудани маблағ бар ивази баргардонидани аккаунтҳои азхудшуда истифода намоянд.
«Аз ин рӯ, аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳолати ба онҳо ирсол гардидани паёмак ва пайванди гуфташуда, новобаста аз номи кӣ буданаш онро накушоянд ва ба дигарон ирсол накарда, онро банданд (заблокировать) ё нест кунанд (удалить)»,-изҳор доштанд дар ин мақомот.
АКС: Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






