Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт.
Нахуст Роҳбари давлат дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад.
Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад.
Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар маҷмуъ бо 150 шаклу дизайни муосир истеҳсол мешавад. Ҳамчунин имкон аст, ки маҳсулот дар асоси интихоби дизайн ва фармоиши мизоҷон омода гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулин талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки фаръҳо ширкати ватании «Ғаюр Гурӯҳ» бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ соли ҷорӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуданд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд






