Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд

Ноябрь 20, 2024 14:01

ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ, ҳамзамон Раиси Департаменти рушди иқтисоди Абузабӣ Аҳмад Ҷoсим аз-Заъабӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати афзоиши ҳаҷми табодули тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Аморотро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо мутаносибан масъалаҳои таҳкими ҳамкории мақомоти ваколатдор, тавсеаи заминаҳои шартномавию ҳуқуқӣ, ҷалби сармоя ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, баргузории форумҳои муштараки соҳибкорӣ, ташкили намоишгоҳҳои маҳсулот, танзими сафарҳои ҳайатҳо ба кишварҳои ҳамдигар барои иштирок дар чорабиниҳои соҳавии байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои эҳтимоми муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Ноябрь 20, 2024 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд