Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абузабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Cуҳайл Муҳаммад Ал-Мазруӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили густариши муносибатҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, сармоягузорӣ, обу иқлим ва сайёҳиро баррасӣ намуда, ҳавасмандии хешро барои баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Аморот оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ва ҷаласаҳои навбатии машваратҳои сиёсӣ, консулӣ ва ҳуқуқӣ дар соли 2025 иброз намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд






