Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
ДУШАНБЕ, 29.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар бахши «Беҳтарин макони сайёҳӣ аз ҷиҳати қабули сайёҳони хориҷӣ» аз моҳи январ то моҳи июли соли 2024 аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат (+75%) баъд аз Албания ва Сербия сазовори ҷойи сеюм гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин раддабандӣ зимни машварати омӯзишӣ дар шаҳри Бангкоки Тайиланд эълон шуд.
Ҳамчунин дар раддабандии дигари Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар самти «Бозорҳои беҳтарини сайёҳӣ аз рӯи хароҷоти сайёҳии содиротӣ» Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афзоиши якбораи сайёҳии содиротӣ (+420 фоиз) дар садри ҷадвали Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ қарор гирифт. Баъд аз Тоҷикистон давлатҳои Сербия, Непал, Латвия, Ирландия, Туркия ва Украина ҷойгир шудаанд.
Дар машварати омӯзишӣ 41 нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳӣ аз 30 давлати Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон дар машварат намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳрулло Муқимов дар мавзуи «Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои дурдаст» маъруза намуд.
Намояндаи Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид Клавдиа Виейра соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва иҷтимоӣ дар Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором маънидод кард.
Иброз гардид, ки соли 2023 теъдоди ҷаҳонгардон дар кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором ба 238 миллион нафар расид.
Ҳамчунин соли 2023 дар минтақа 182 миллион нафар ба касби хизматрасонӣ фаро гирифта шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






