«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид

Ноябрь 30, 2024 11:57

ДУШАНБЕ, 30.11.2024. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш 1 сентябри соли 2023 дастур доданд, ки дар шароити кунунии пешрафти илму техника омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф бояд ҳар се сол як маротиба аз даврҳои такмили ихтисос гузаронида шаванд. Бо ин мақсад «Стратегияи рушди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» коркард ва тасдиқ карда шуд. Ин мавзуъро Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» шарҳ додааст.

— Мақсад аз таҳияи стратегия таъмин ва дастрасии такмили ихтисос ва бозомӯзии муттасилу муосир ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таҳсил бо мақсади рақобатпазирии фаъолияти педагогии кормандони соҳаи маориф мебошад. Стратегия самтҳои рушди Донишкадаро муайян ва бо назардошти талаботи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, дар самти рушди маҳорати касбӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барномаҳои омӯзишии босифат ва инноватсионии даврҳои такмили ихтисосро таъмин мекунад.

Дурнамо- стратегияи рушди минбаъдаи донишкада бо назардошти бартараф намудани мушкилоти низоми такмили ихтисос ва рушди минбаъдаи он барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, он ду марҳилаи алоҳидаро барои солҳои 2025-2027 ва 2028-2030 дар бар мегирад.

Самтҳои афзалиятнок дар стратегия инҳо мебошанд:

— Таъмини дастрасӣ ба рушди муттасили кормандони соҳаи маориф;

— Таъмини сифат ва самаранокии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

-Рақамикунонии низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

-Тақвияти низоми идоракунӣ ва маблағгузории такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

Стратегия аз 6 қисмати алоҳида ва 84 банд иборат буда, ҳар қисмат ҳадафҳо ва натиҷаҳои мушаххасро дар бар гирифтааст. Дар он шаклҳои мухталифи такмили ихтисос, аз ҷумла, такмили ихтисоси шакли классикӣ; такмили ихтисоси шакли омехта; такмили ихтисоси шакли дуалӣ; такмили ихтисоси шакли фосилавӣ; такмили ихтисос дар шакли худомӯзӣ дар назар гирифта шудаанд. Яке аз ҳадафҳои стратегия- ин таҷдиди назар ва таҳияи барномаҳои таълимии нави такмили ихтисос мебошад.

Агар дар низоми пештара,  омӯзгорон аз рӯйи 64 барнома аз даври омӯзишӣ мегузаштанд, имрӯз он зарурати омӯзгоронро ба 9 гурӯҳ (собиқаи то 3-сола, собиқаи аз 3 то 10-сола, собиқаи аз 10-сола зиёд, ихтисосманд, ғайриихтисос, ғайри равияи омӯзгорӣ, маълумоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус) тақсим намудааст, ки дар ин маврид бо назардошти шаклҳои такмили ихтисос коркарди зиёда аз 711 барномаи таълимӣ ба миён омадааст. Агар солҳои пеш омӯзгори дорои се сол собиқаи корӣ бо омӯзгори дорои 45 сол собиқаи корӣ аз рӯйи як барномаи таълимӣ аз омӯзиш гузаранд, имрӯз он тақозо мекунад, ки аз рӯйи собиқаи корӣ, ихтисос, категория ва дигар нишондиҳандаҳо бояд омӯзгорон ҷудогона аз даври омӯзишӣ гузаранд. Дар ин маврид танҳо дар шакли классикӣ (анъанавӣ) зарурати таҳияи 450 барномаи таълимӣ ба миён омадааст.

Тибқи стратегия таваҷҷуҳи бештар ба сифати рушди маҳорати касбии омӯзгорон, сифат ва самаранокии машғулияти такмили ихтисос, инчунин малакаҳои касбӣ ва салоҳияте зоҳир мегардад, ки кормандони соҳаи маориф дар раванди фарогирӣ ба даврҳои такмили ихтисос ба даст меоранд. Дар замони муосир дастовардҳои касбии ҳар омӯзгор ба қобилияти мутобиқшавии ӯ ба дигаргуниҳо ва омӯзиши доимӣ давоми ҳаёт вобаста аст. Дар навбати худ донишкада бояд фазое муҳайё созад, ки барои рушди ин салоҳият мувофиқ бошад.

Зеро дар шароити имрӯзаи рушди босуръати технологияҳои иттилоотию таълимӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва ба кор андохтани маорифи рақамӣ, таълимӣ-электронӣ, таҳсилоти фосилавӣ, омехта ва дуалӣ истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим зарурати таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии маорифро ба миён омад.

Албатта, муҳлати аз даврҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгор (5-сола) фосилаи тӯлонӣ буда, ба онҳо имкони сари вақт бархурдор шудан аз навгониҳои соҳа ва таҷрибаи пешқадам, бахусус дар шароити мутобиқгардонии таҳсил ба стандартҳои байналмилалиро намедиҳад. Бинобар ин, бо фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ, ба моддаи 51 сархати 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (аз 20.06.2024) тағйирот ворид гардида, рақами «5» ба рақами «3» иваз карда шуд.

Яке аз омилҳои асосии баланд гардидани сифати таҳсил аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Бе гузаштан аз даврҳои омӯзишию семинарҳои такмили ихтисос ва сайқал додани маҳорати касбӣ ба муваффақият ноил гардидани омӯзгор ғайриимкон аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 571 ҳазору 854  нафар кормандони соҳаи маориф аз даврҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд. Танҳо дар соли 2023  40 ҳазору 224 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф маҳорати касбии худро ба тариқи даврҳои омӯзишию семинарҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  ва филиалҳои он  такмил доданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ теъдоде аз омӯзгорон ғайриихтисос фаъолият дошта, ба сифати таҳсил таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, аз даврҳои бозомӯзии касбӣ гузаронидани ин омӯзгорон ва додани ихтисоси мувофиқ ба онҳо ба беҳтар гардидани вазъи соҳаи маориф ва ҳам иқтисодии онҳо мусоидат менамояд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо собит месозанд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 низ ин теъдод коҳиш наёфта, балки афзоиш меёбад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 128 000 омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд, ки як қисми онҳо дараҷаи тахассусӣ надоранд. Яке аз сабабҳои асосии бетахассусии ин омӯзгорон ғайри ихтисос будани онҳо мебошад.

Ташкили бозомӯзии касбӣ ва ихтисосманд намудани омӯзгорон метавонад ба дараҷаи тахассусӣ (категория) ва музди меҳнати онҳо таъсири мусбат расонад ва яке аз талаботи моддаи 49-и Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ  чунин аст: «Меъёри музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки таҳсилоти касбӣ надоранд (пас аз хатми муассисаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11) фаъолият дорад), ба андозаи 70 фоизи меъёри музди меҳнати муаллимони таҳсилоти миёнаи касбидоштаи бе дараҷа муқаррар мешавад. Агар омӯзгор таҳсили олӣ ё миёнаи касбии ғайрипедагогӣ дорад ё аз фанни ғайриихтисос дарс медиҳад, музди меҳнати ӯ аз рӯи таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ бе дараҷа пардохт карда мешавад».

Ҳамзамон тибқи банди 6-и моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» низ «Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, мутахассисон ва кормандони муассисаи таълимии таҳсилоти иловагӣ дар муассисаҳои дахлдори таълимӣ бо мақсади амиқтар намудани дониш ва малакаи касбӣ, азхудкунии касб ва ихтисоси нав амалӣ карда мешаванд». Аз ин модда бармеояд, ки муассисаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳуқуқи додани ихтисоси навро доранд.

Бо мақсади ба роҳ мондани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҳбарияти Донишкада кӯшиш менамояд, ки дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои ташкили даврҳои бозомӯзӣ, ки амри зарурӣ мебошанд, ба мувофиқа расида, ин мушкилоти омӯзгоронро ҳал намояд.

Бо мақсади иҷрои дастури Сарвари давлат ва дарёфти роҳҳои алтернативии даврҳои такмили ихтисос раёсати Донишкада ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, аз ҷумла соли 2023 бори аввал 10 даври такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда ба шакли «Омӯзиши омехта» бо фарогирии 221 нафар шунаванда ва 7 давр бо фарогирии 176 нафар омӯзгорони фаннӣ ташкил карда шуд, ки дар онҳо дар маҷмуъ 397 нафар иштирок намуданд. Ин иқдом, агар аз як ҷониб ба сарфаи маблағу вақт мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, барои аз истеҳсолот дур нагардидани омӯзгор ва истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ мусоид мебошад.

Ҳамзамон кормандону омӯзгорони донишкада мунтазам барои табодули таҷриба ва баланд бардоштани маҳорати касбӣ дар асоси созишнома, шартнома ва ёддошти тафоҳум ба муассисаҳои такмили ихтисоси кишварҳои хориҷӣ рафта, аз таҷрибаи ҳамкасбонашон баҳраманд мегарданд.

Танҳо солҳои охир аз ҷониби роҳбарияту кормандони Донишкада ва филиалҳои он 38 нафар ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Олмон ва Русия сафари корӣ анҷом доданд. Ҳадаф аз ин сафарҳо ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва иштирок дар конфронсу семинарҳои мухталиф буд.

Рушди ҳамаҷонибаи донишкада аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳайати шахсӣ ва шакли дурусти корбарии роҳбарият асоси пешрафт дониста мешавад. Аз ин хотир дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд платформаи «Системаи иттилоотии рушди касбии омӯзгор» коркард гардид, ки ҳоло дар ин платформа зиёда аз 25 000 нафар омӯзгор сабти ном шудаанд.

Танҳо дар даҳ соли охир 132 китоб, 2446 мақолаҳои илмӣ-методӣ, 280 конференсия ва 432 суҳбат ва чорабиниҳои сатҳи гуногун гузаронида шуданд. Инчунин аз ҷониби кормандону омӯзгорон ба маводи таълимӣ ва китобҳои дарсӣ зиёда аз 500 тақриз навишта шуд. Бо 10 муассисаи илмии мамлакат лоиҳаҳои шартномаҳои ҳамкорӣ омода шуда, то ин муддат як қисми он ба имзо расидааст.

Наврӯз МИРЗОЗОДА,
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 30, 2024 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид
Озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Полоски Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи Форуми сеюми байналмилалии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Беларус 25 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Русия-Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларус созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус оғоз шуд
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
НАМУНАИ ИБРАТ. Заҳмати модар Фараҳбахши нобиноро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардонид