Тоҷикистон ва Индонезия таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва инверторҳои офтобиро баррасӣ намуданд

Ноябрь 2, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва инверторҳои офтобӣ дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайати Вазорати энергетика ва сарватҳои зеризаминии Индонезия дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мулоқот дар доираи нахустин Форуми байналмилалии сармоягузории саноати кӯҳӣ-металлургӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор гардида, ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкорӣ дар самти истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, иштироки ширкатҳои бузурги Индонезия дар корҳои геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкории корхонаҳои нассоҷӣ,  истеҳсоли муштараки масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармоя ва мутахассисони соҳибихтисос аз Индонезия баррасӣ шуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 2, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид